Саодат Амиршоева, Искандари Фирӯз ва Юсуфов дар бораи қазияи Ҳукумов
“Озодагон” миёни коршиносон суол гузошт, ки оё бовар доред, қазияи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Расули Амонулло, писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон иттифоқ уфтоду, се кушта бар ҷой гузошт, мунсифона баррасӣ хоҳад шуд?
Абдулқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос
Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти додгоҳ ва додрасҳои Тоҷикистон ман ба мунсифона баррасӣ шудани ин парванда бовар надорам. Тавре мебинем, агар дар нисбати мансабдоре ва ё наздикони ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад, додрасҳои Тоҷикистон чандон ҳукми вазнин намебароранд. Онҳо ҳатман бо дарназардошти вазифаи ҷавобгар ҷазои сабуктаринро пешбинӣ мекунанд. Агар мутобиқи ҳамон парванда шаҳрванди оддие ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ҳатман ҷазоро дар шакли вазнин таъин мекунанд. Аммо мансабдор ва ё наздикони онҳоро бо қарори корҳои ислоҳӣ ва ҷаримабандӣ озод мекунанд. Аз ҳамин хотир метавон гуфт, ки парванда дар нисбати писари Ҳукумов ҳам ғайримунсифона баррасӣ хоҳад шуд.
Саодат Амиршоева, вакили парлумон
Мову шумо медонем, ки мутобиқи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд. Новобаста аз он, ки деҳқон, мансабдор ва ё коргарди оддӣ ҳаст, ҳама дар назди қонун баробар. Аз ин хотир ҳамаи парвандаҳо ҳам бояд мунсифона баррасӣ гарданд. Аз он сабабе, ки ман ба парвандаи писари Ҳукумов дахолат надорам, наметавонам ҳоло аз ин бештар чизе бигӯям. Вале ба фикри ман додгоҳ аз руйи қонунҳои кишвар ҳукм мебарорад, на бо дарназардошти шахсияти муайян. То баровардани ҳукми додгоҳ мо чизе гуфта наметавонем. Ҳукми додгоҳ барояд, баъд мо мебинем, ки то куҷо он аз руйи адолат ҳаст.
Искандари Фирӯз, хабарнигор
Ин чандон масъалаи душвор нест. Ва ҳукми худи Амонулло Ҳукумов дар додгоҳ метавонад ба зудӣ таъин шавад. Шояд натиҷаи он ин пардохти ҷарима бошад. Барои ин ҷурм аслан муҷозот дар шакли ҷарима пешбинӣ мешавад. Ҷаримаи чанд маоши ҳадди ақал, ки он дар рафти баррасии қазия муаяйн хоҳад шуд. Фикр мекунам ин ҳукм содир хоҳад шуд.