Раиси ҲНИТ натавонист, бо маҳбусон дар Хуҷанд мулоқот кунад
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон натавонист, бо Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ин ҳизб, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешаванд, дидор намояд.
Ин намояндаи мардумии тоҷик дар садри як ҳайат аз ҲНИТ бо ҳадафи шиносоӣ аз наздик бо қазияи ин аъзои ҳизби худ дар доираи як сафари расмӣ озими вилояти Суғд шуда буд. Ҳимкатуллоҳ Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Муҳиддин Кабирӣ ба хотири ҳузур надоштани раҳбарияти зиндони шаҳри Хуҷанд барои дидор бо Тоҷиев ва Иброҳимов муваффақ нашуд.
Сайфуллозода мегӯяд, масъулини ин маҳбаси Хуҷанд гуфтаанд, ки раҳбари эшон бемор асту аз ин хотир наметавонад ба ҷои кор ҳозир шавад ва бидуни иҷозаи раҳбарият касе ҳақ надорад бо маҳбусон мулоқот намояд. Вале ҲНИТ ин бемории раҳбари маҳбаси шаҳри Хуҷандро як "баҳона" хонда, мегӯяд, ин ҳама монеаҳои сунъӣ буданд, ки мақомот бо истифода аз онҳо нагузоштанд, вакили парлумон ба аёдати аъзои боздоштшудаи ин ҳизб муваффақ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки раиси ҲНИТ дар доираи ин сафари худ дар баробари аёдати аъзои ҳизбаш, қасди вохурӣ бо Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки вақтҳои охир аз вуҷуди шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон бисёр шикоят доранд, низ дошт.
Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳим, ду сокини ноҳияи Исфара барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд. Ин ду сокини ноҳияи Исфара авохири моҳи октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт ва ба муддати 15 шабонарӯз ҳабс шуда буданд. Вале ҳанӯз қабл аз адои ин ҷазо, мақомоти қудратии вилояти Суғд ин ду узви ҲНИТ-ро ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор намуда, ба ҳабс гирифтанд.