Таассуфи Эмомалӣ Раҳмон аз харобшавии маркази тиҷоратӣ ва фавти одамон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як барқия, ба президенти Латвия Андрис Берзинш ва мардуми ин кишвар изҳори тасаллият намудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи тасаллияташ аз ҷумла навиштааст, “аз хабари хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам. Орзумандам, ки осебдидагони ин фоҷиа ҳар чӣ зудтар шифои комил ёбанд.”
Эмомалӣ Раҳмон аз Андрис Берзинш хоҳиш намудааст, ки “тасаллияти самимиро қабул фармуда, ҳамдардии моро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед”.
Ёдрас мекунем, ки 22 ноябр, дар шаҳри Рига бинои як маркази тиҷоратӣ фурӯ рехт, ки тибқи иттилои охир 54 кушта ва даҳҳо маҷруҳ барҷой гузоштааст. Раисиҷумҳури Латвия дар пайи ин фоҷиа аз 23 то 25-уми ноябр дар ин кишвар мотам эълон карда, таъкид намудааст, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ набуда, куштори оммавӣ мебошад. Айни ҳол таҳқиқи қазия идома дорад.