Назари Барзу ва Сатторзода ба зиёиёни имрӯзаи тоҷик
Ҳумайрои БАХТИЁРРавшанфикрони тоҷик, бегоҳи 22-юми ноябр, дар маҳфили навбатии “Гуфтугуйи тамаддунҳо” дар Душанбе, масъалаи мақом ва мавҷудияти зиёиро дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури театр ва яке аз ширкатдорони маҳфили мазкур гуфт, ки дар шароити феълӣ атрофи зиёӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардан хеле мушкил аст: “Мушкил ҳам дар он, ки аксари онҳое, ки худро зиёӣ медонанд, вазъи ҷомеаро дарк мекунанд, аммо дар баромадҳои худ ба тамоми мушкилоти ҷомеа чашм мепӯшанд. Ин аст мушкили мо. Мо медонем, мебинем, аммо намегӯем. Як зиёӣ бояд чунин рафтор надошта бошад.”
Барзу Абдураззоқов афзуд, ки аз мавҷудияти чунин вазъ хеле нигарон аст: “Иттифоқан ба ман ду рӯз қабл вазири фарҳанги Қирғизистон занг зад. Пешниҳод дошт, то дар донишгоҳ мудири кафедра бошам. Ман фикр кардам, ки чаро? Чаро ман дар Тоҷикистони худ чанд соли охир ҷойи кор пайдо карда наметавонам? Чаро ҳама дарҳо бар руйи ман инҷо пӯшида? Ҳайрон мешавам.”
Дар ин робита Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик гуфт, ки мушкили ҷомеаи тоҷик дар он аст, ки зиёӣ ҳамчун як гурӯҳ ва қишр дар он шакл нагирифтааст. Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода феълан дар ҷомеаи тоҷик зиёиҳо танҳо ба сифати шахсиятҳои алоҳида ҳастанд: “Мо тафаккури ягонаи миллӣ надорем. Қабл аз оне, ки мо чеҳраи умумии зиёии тоҷикро муайян созем, бояд бидонем, ки зиёӣ вуҷуд дорад ё на? Баҳсҳо атрофи зиёӣ дар ҷомеаи мо ҳамеша буд ва ҳаст. Гурӯҳе бар ин назаранд, ки зиёӣ надорем, вале гуруҳи дигар мегӯяд, ки дорем. Мо ҳатто муайян накардаем, ки ки зиёӣ кист ва чӣ рисолат дорад?”
Адабиётшиноси тоҷик гуфт, равшанфикрони тоҷикро лозим аст, то хусусият, рафтор, хислат ва шахсияти як зиёиро дар ҷомеаи тоҷик мушаххас кунанд. Абдунабӣ Сатторзода бо ишора ба мулоқоти ҳамасолаи раисҷумҳур бо зиёиҳо таъкид намуд, ки агар такя бар он феҳраст бикунем, пас омӯзгорон, коргарон, хабарнигорон ва умуман ҳар касе, ки аз ягон ҷиҳат бо саводу илм кор дорад, ӯро зиёӣ мегӯянд. Аммо ба назари номбурда, диплом доштан ва дар идораҳои давлатию маъмурӣ кор кардан, танҳо намуди зоҳирӣ аст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ зиёиро бояд аз рӯи маънавиёташ шинохт ва зиёиҳо ба қавли русҳо, виҷдони миллат бояд бошанд. Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода зиёӣ фарди миллӣ, соҳиби тафаккури миллӣ аст.
Абдунабӣ Сатторзода афзуд, “солҳои охир андешаҳое ҳам садо медиҳанд, ки аҳли дин ҳам зиёӣ ҳастанд. Дар ин бора Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода ва Абдулло Раҳнамо бо далелҳо ишора мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки зиёӣ будан, ин доштани савод аст.”
Номбурда дар идома гуфт, ки барои муайян кардани як зиёӣ бояд дар сатҳи давлатӣ як барнома қабул карда, хислатҳои аслии онро дақиқ кард. Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода як зиёии тоҷик бояд хислатҳое, чун, нопок, норост, ночавонмард, ноинсон, бетараф, бешараф, тарсу, бемаърифат, бефарханг, мутаасиб, худхоҳ, худпараст, дурӯя, фиребгар, замонасоз, маҳалпараст, қавмпараст, хушомадгӯ, фурсатталаб, нодон, манфиатҷӯ надошта бошад.
Ӯ таъкид намуд, ки низоми сиёсӣ барои ташаккули қишри зиёӣ хеле саҳми муҳим дорад.