Худдории Тураҷонзода аз сафар ба Бишкек
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва руҳонии саршиноси тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии эҳёи исломӣ, дар шаҳри Бишкек намояндагӣ мекард, аз ин сафар худдорӣ намудааст.
Оқои Тураҷонзода рӯзи 23 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” хабари даъват шуданаш ба конфронси байналмилии “Эҳёи исломӣ”-ро таъйид кард. Ин руҳонии тоҷик дар шарҳи худдорияш аз иштирок дар ин конфронс гуфт: “Ба хотири ҷои дигар сафар карданам, ман бо ташкилкунандагон тамос гирифта аз эшон узрхоҳӣ кардам, ки ҳозир шуда наметавонам.”
Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” қарор аст, 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шавад. Ба гуфтаи Кадир Маликов, яке аз ташаббускорони ин конфронс, дар он тарҳи сулҳи пойдор дар партави омӯзишҳои исломӣ ва роҳҳои мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба ин ҳамоиш намояндагони баландпояи исломӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия, Покистон Афғонистон даъват шудаанд.