Беш аз 200 омӯзгор ба маҳкама кашида шуданд
Додситонии кулли Узбакистон алайҳи зиёда аз 200 омӯзгори макотиби миёна парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои узбакӣ, аз аввали соли ҷорӣ ба ин сӯ, дар пайи тафтишоти таълимгоҳҳои миёнаи Узбакистон 230 нафар муаллим боздошт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин муаллимон бо дипломҳои қалбакӣ ба донишомӯзон дарс медодаанд. Илова бар ин, 117 нафари эшон аз фанҳои ғайритахассуси хеш дарс мегуфтаанд.
Ба иттилои манобеи хабарии Узбакистон, аз ин нишондод 100 нафарашон сокини вилояти Намангон ва 25 тан аз вилояти Сурхандарёву боқи сокинони навоҳии дигари ин кишвар мебошанд. Маҷмуи маблағи пардохтшуда ба муаллимони тақаллубкор ҳамчун маош дар давраи фаолияташон 1,3 миллиард суми узбакиро ташкил медиҳад.