Президенти ФИФА “Равшан”-и Кӯлобро бо пирӯзӣ табрик кард
Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар барқияи шодбошие унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон клуби “Равшан”-и Кӯлобро барои пирӯзӣ дар мусобиқоти Тоҷикистон табрик кардааст. Дар ин бора торнамои ФФТ хабар медиҳад.
Дар номаи Блаттер аз ҷумла омадааст: “Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ! Лутфан, табрикоти манро ба бошгоҳи “Равшан” дар робита ба ғалабаи дуюмаш дар мусобиқоти Тоҷикистон, бидуни ягон бохт расонед”.
Дар идомаи мактуб президенти ФИФА гуфта, ки ин пирӯзиро ба тамоми бозигарон, менеҷер, ҳайати фаннӣ ва тиббӣ, ҳамчунин тамоми мухлисони ин тим шодбош мегӯяд, ки бешубҳа дар ғалабаи клуб саҳм доранд“.
"Равшан"-и Кӯлоб соли дуюм аст, ки паи ҳам ғолиби мусобиқаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мешавад. "Истиқлол"-и Душанбе дар мавсими имсола ҷои ду ва "Хайр"-и Ваҳдат мақоми сеюмро ишғол карданд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)