Ҳимояти Убайдуллоев аз намоиши мӯд ва ихтисоси 38000 сомонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, пешниҳоди Хонаи мӯди «М-Style», дар мавриди баргузории «Ҳафтаи байналхалқии авруосиёии мӯд»-ро, тайи рӯзҳои 7-9 декабр дар Душанбе, ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ҳадафи ин иқдомашро ташаккули эҳсоси зебоишиносии ҷавонон, пайвастан ба арзишҳои умумибашарӣ ва раванди мӯди муосири ҷаҳон, инчунин ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллӣ ва шинохти бозёфти дигар халқҳо дар ин самт арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев ба сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур додааст, аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 38 ҳазору 150 сомонӣ ҷудо гардад.
Раиси Душанбе ба мақомоти пулис ва амнияти миллӣ дар пойтахт супориш додааст, ки ҳангоми баргузории ҳафтаи авруосиёии мӯд, тайи рӯзҳои 7-9-уми декабр, дар ҷойҳои баргузории ин чорабинӣ амнияти шаҳрвандону иштирокдорон таъмин гардад.