Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.
Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”
Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”
Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.
Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.
Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.