ВИДЕО: Ташаккури шаҳрванди Тоҷикистон барои боздошташ дар Русия
Мақомоти назорати маводи мухаддири Русия дар бозори марказии шаҳри Перм, як шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистонро боздошт кардааст.
Дар бозпурсии видеоие, ки хадамоти матбуоти ин ниҳод нашр кардааст, шаҳрванди Тоҷикистон иқрор намудааст, ки ӯ бо 700 грам героин боздошт гардидааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар бозори Перм, ба фурӯши либос машғул будааст, инчунин дар фурӯши мухаддирот иқрор шудааст.
Дар навори паҳннамудаи мақомоти назорати маводи мухаддири Русия, шаҳрванди тоҷик ба ин ниҳод изҳори ташаккур мекунад, ки ӯро боздошт кардаанд: “Раҳмат ба Шумо, ки маро боздошт кардаед. Ман гунаҳкорам.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти Русия ба боздоштшуда барои нашъаҷаллобӣ дар ҳаҷми калон 20 соли зиндон таҳдид мекунад.