“Ширкатҳои ҳавонавардӣ “Груз-200”-ро ройгон интиқол намедиҳанд”
Бархе аз ширкатҳои ҳавонавардии Қирғизистон аз интиқоли ройгони “Груз-200” даст мекашанд. Дар ин бора Эркин Урманбетов, сухангӯи Ассосиатсияи “Замондош” дар як нишасти хабарӣ изҳор доштааст.
“Давоми нуҳ моҳи соли 2013 168 “Груз-200” мунтақил шудааст. Як мушкил ин аст, ки на ба ҳамаи шаҳрҳо парвоз анҷом мешавад, аз ин рӯ бисёр маворид тобутҳо ба воситаи қатор ё нақлиёт интиқол мегарданд. Бо амри ҳукумат ширкатҳои ҳавонавардии Қирғизистон бояд “Груз-200”-ро ройгон интиқол диҳанд, аммо бархе ширкатҳо ба ин амр итоат намекунанд“, - афзудааст Эркин Урманбетов.
Ӯ дар идома гуфта, ки барои интиқоли “Груз-200” наздики 2 ҳазор доллар масраф мешавад.
Давоми нуҳ моҳи соли равон аз Русия ҷасади 168 шаҳрванди Қирғизистон ба Ватан оварда шудааст. Аз ин теъдод 33 нафар бар асари беморӣ ва 23 тан дар пайи сониҳаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. 12 кас ғарқ шуда, 9 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд ва 16 тани дигар кушта шудаанд.