Ҳимояти Дилшод Раҳимов ва 7 нафари дигар аз Зайд Саидов
Дилшод Раҳимов, соҳибкор ва бародарзодаи Зайд Саидов, дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасодро алайҳи Саидов, дар мавриди кашида гирифтани “Тоҷикатлас” беасос хондааст.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Дилшод Раҳимов бо даъвати ҷониби ҳимоя 20-уми ноябр дар мавриди харидуфурӯши корхонаи “Тоҷикатлас” шоҳидӣ додааст. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.
Ба иттилои Шӯҳрат Қудратов дар мурофиаи додгоҳии рӯзҳои 20-21-уми ноябр 8 шоҳид бо даъвати ҷониби ҳимоя мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ҳамагӣ айбҳои эълоншуда дар нисбати Зайд Саидовро рад кардааанд: “Айбдоркунандаи давлатӣ ҳам шоҳидонро мавриди пурсиш қарор дод. Фикр мекунам, айбдоркунандаи давлатӣ мутмаин шуд, ки шоҳидон ҳақиқатро мегӯянд.”
Дар мавриди муҷозоти муфаттишони Оҷонсии зидди фасод барои тақаллубкорӣ алайҳи Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов гуфт, ки 19-уми ноябр аз додситони кулли кишвар дархост кардаанд, то нисбати гурӯҳи муфаттишони қазияи Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Ин дархости худро вакилони Зайд Саидов дар баробари дастрас кардани раддияи маркази табобатии “Био Папа” ирсол карданд.
Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки дар сурати беҷавоб мондани дархости онҳо аз тарафи Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар вакилони Зайд Саидов бо номаи расмӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳанд кард: “Мо дар номаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷой доштани тақаллубкорӣ ва сохтакориҳои зиёд дар парвандаи Зайд Саидов шикоят хоҳем бурд.”
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, айни ҳол дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мавқеъ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад.