Боздошти омилони куштори Фирдавси 25-сола дар назди бозори "Корвон"
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, омилони куштори ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румиро дастгир намудаанд. Ҷасади ин ҷавони тоҷик чанде қабл бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи “Қаҳрамон”-и ноҳияи Рудакӣ-наздикии бозори "Корвон" ёфт шуда буд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, дар куштори Фирдавс Муқимов, се нафар, Абдурозиқов Насим, Ҷумагул Қаҳҳорова ва ҳамсари ӯ Фирдавс Холиқови 25 сола, муттаҳам мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ашхоси гумонбар ба хотири раҳоӣ аз қарз ба ин куштор даст задаанд. Ҷумагул Қаҳҳорова, яке аз омилони куштори мазкур ва сокини шаҳри Душанбе, дар шарҳи қазия тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, ба ин роҳ бо хоҳиш ва дастури ҳамсари хеш рафтааст.
Насим Абдурозиқови 26-сола, сокини ноҳияи Восеъ низ мегӯяд, ки ӯ ба ин кор бо даъвати Фирдавс Холиқов, писарамаки хеш даст задааст ва ҳоло пушаймон мебошад.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло алайҳи шахсони гумонбар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабсӣ пешакӣ гирифта шудаанд.