Ҳизби Жириновский барои муҳоҷирон ҳукми қатл пешниҳод кард
Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), ки роҳбарияшро Владимир Жириновский ба ӯҳда дорад, лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки дар он барои муҳоҷирон ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия, Роман Худяков, вакили парлумони Русия аз Ҳизби либерал-демократ, пешниҳод намудааст, ки баъзе бандҳои мороторияи ҳукми қатл дар мавриди муҳоҷирон лағв карда шавад. Ӯ муътақид аст, танҳо ҷазои сахт, то ҳадди ҳукми қатл метавонад, ҷинояткориро миёни муҳоҷирон дар Русия коҳиш диҳад. Худяков барои шаҳрвандони Русия низ, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд, ҷорӣ намудани ҳукми қатлро пешниҳод кардааст.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби коммунисти Русия пуштибонӣ ёфта, дар назар аст, то охири сол барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардад. Ҳукми қатл дар Русия то соли 1996 татбиқ шуда, аз он вақт то ҳоло барои ин намуди ҷазо моротория эълон шудааст.