Ширинов бонкдориро бар асоси Ислом ба роҳ монданист
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагони давлати Қатар аз роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, Ширинов рӯзи 20-уми ноябр бо намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ мулоқот дошта, таъкид намудааст, ки “айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.”
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд. Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намудааст, ки Қатар барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошад.