Даъвати Зарифӣ аз кишварҳои Аврупо барои иштироки фаъол дар сохтмонҳои Тоҷикистон
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти Брюссел бори дигар масъалаи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетики Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.
Вазири умури хориҷии кишвар аз ҳамтоёнаш даъват кард, то ба лоиҳаҳои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ СASA-1000, роҳи оҳани тавассути Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ӯ дар ин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Брюссел барпо гардид, таъкид кардааст, ки лоиҳаҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми минтақа нигаронида шудаанд. Дар ин нишаст, ки вазъияти Афғонистон меҳвари муҳокимарониҳои вохӯрии вазирон буд, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намудааст, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон бояд бо чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳким дода шавад.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи, 18-уми ноябр барои иштирок дар вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ озими Шоҳигарии Белгия шуд.