Барфи аввал ва фавти ду хонандаи мактаб дар Шӯрообод
Шаби 20 ба 21 ноябр, дар пайи боридани барфи аввал дар ноҳияи Шӯрообод, ду ноболиғ аз сармои шадид ҷон бохтаанд.
Тавре аз Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод ба “Озодагон” гуфтанд, дар пайи хунукӣ Салими Маҳмуд, хонандаи синфи 11 ва Дилшоди Давлат, хонандаи синфи 5-и мактаби миёнаи деҳаи Кӯрдона, фавтидаанд. Ба иттилои манбаъ, фавтидагон субҳи 20 ноябр барои ҳезумҷамъкунӣ ба мавзеи Деҳи Аҳмад, ки аз деҳаашон 10 километр дур будааст, рафтаанд.
“Онҳо се нафар будаанд. То мавзеи ҳезумҷамъкунӣ мерасанд, ки барфи зиёд меборад. Кӯшиш кардаанд, ки ба хона баргарданд, аммо аз хунукӣ дигар роҳ гашта натавонистаанд. Аввал Салими Маҳмуд дар ҷойи ҳезумҷамъкунӣ ҷон медиҳад. Сомон Башолов, нафари сеюм, кӯшиш кардааст, Дилшоди Давлатро ба хона орад, аммо то ними роҳ омадаанд, ки Дилшод низ ҷон бохтааст. Сомон дар ниҳоят ба танҳоӣ ба деҳа расида, ҳамдеҳагонашро аз қазия огоҳ мекунад. То масъулин ба ҷои ҳодиса расиданд, ки аллакай соати 9-и шаб буд ва ин ноболиғон ҷон бохта буданд”,-афзуд манбаъ.
Мақомоти пулиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мегӯянд, нафаре, ки ҷон ба саломат бурдааст, низ ноболиғ буда, 14 сол дорад. Масъулини пулис таъкид мекунанд, ки ташхис нишон додааст, фавтидагон воқеан ҳам аз хунукӣ ҷон додаанд.