Дастури Убайдуллоев барои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи парчам
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани "Рӯзи парчами миллии Тоҷикистон" дар пойтахт дастур додааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба масъулини пойтахт фармон додааст, ки бахшида ба Рӯзи парчами милли Тоҷикистон дар бархе аз майдону боғҳои пойтахт як қатор барномаҳои консертиву аксияҳо баргузор намоянд.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» аксияи «Садоқат ба Парчам», дар Кӯли ҷавонон «Орази Парчам», дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таърихи Парчам» ва дар майдони «800-солагии Москва» аксияи «Муҳаббат ба Парчам» баргузор карда шавад. Инчунин интизор меравад, дар ин рӯз дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ намоишгоҳи китобҳо ва мизи мудаввар барпо карда шавад.
Шаҳрдории Душанбе аз Раёсати шаҳрии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хостааст, то тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниҳоро таъмин созанд.
Сокинони Тоҷикистон барои бори нахуст 24 ноябри соли 2009 аз "Рӯзи парчами миллӣ" ҷашн гирифта буданд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соли 2009 санадеро дар ин бора ба имзо расонидаанд, ки то индам рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун "Рӯзи парчами миллӣ" дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.