Тақозои ифтитоҳи парванда алайҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод (ВИДЕО)
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, ки алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, имрӯз, 20-уми ноябр, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аризаашонро аллакай ба Додситонии кул супоридаанд. Вакилони дифои Зайд Саидов иддао доранд, ки гуруҳи муфаттишони Оҷонсии фасод, таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов, зимни тафтишот алайҳи зерҳимояашон ба тақаллубкорӣ роҳ дода, ба додгоҳ ташхиси тақаллубии ДНК-ро пешниҳод намудаанд. Вакилони дифоъ мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад.
Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 август бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”
Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.
Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов ду парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ба номусро боз намуда, таъкид намудаанд, ки яке аз ҷабрдидагон аз Зайд Саидов фарзанд дорад. Шуҳрат Қудратов мегӯяд, мурофиаи навбатии Зайд Саидов дар додгоҳ субҳи 21-уми ноябр дар назар аст.