АКС: Боздошту муҳосираи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
Даҳҳо муҳоҷири корӣ, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон, дар бозори “Люблино”-и шаҳри Маскав аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои як муҳоҷири тоҷик, ки дар бозори “Люблино” машғули тиҷорат аст, афсарони ОМОН соати 8-и субҳи 20 ноябр ба ин бозор омада, муҳоҷиронро боздошт ва ба нақлиёт савор карда бурдаанд. “Ҳатто аробакашҳоро бурданд. Ҳар нафаре, ки саркашӣ кард, зери мушту лагад гирифтанд”,-афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бозор баста аст ва садҳо муҳоҷири дигар, ки машғули тиҷорат буданд, дар муҳосираи нерӯҳои зудамали Русия мондаанд. Ӯ мегӯяд, “дар ин ҳолат мо дар муҳосираи ОМОН-ем. На берун рафта метавонем ва на ҳуҷҷати худро гирифта. Зеро ҳуҷҷатҳоямон дар контейнерҳо ҳаст, бе ҳуҷҷат дар берун боздошт мекунанд ва эҳтимоли депортатсия вуҷуд дорад. Бовар кунед, аз субҳ боз чизе ҳам нахӯрдаем. Намедонем, чӣ кор кунем, ба куҷо муроҷиат намоем.”
Гуфта мешавад, дар ин бозор наздики чор ҳазор шаҳрвандиТоҷикистон кор мекунанд. Аммо ҳоло теъдоди онҳое, ки боздошт шудаанд, дақиқ нест. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам то ҳоло дар ин бора иттилое надодааст.