Сабукӣ ба “Тоҷ-Чайна” ва эроди вакили Ҳизби наҳзати исломӣ
Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумон, рӯзи 20 ноябр бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷаи соли 2013 ширкати “Тоҷ-Чайна”-ро аз пардохти боҷу андоз зимни воридоти таҷҳизот озод намуд. Ин ширкат ки дар шаҳри Ваҳдат корхонаи тавлиди семент месозад.
Гулчеҳра Бозорова, муовини вазири рушди иқтисод, ҳангоми муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, “Тоҷ-Чайна” дар умум ба маблағи 9,8 миллион доллар таҷҳизот ворид хоҳад кард ва маблағи боҷу андоз зимни воридоти он 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Бозорова афзуд, “Тоҷ-Чайна” ширкати муштараки Тоҷикистону Чин буда, давоми 10 моҳ корхонаи иқтидораш 600 ҳазор тонна семент дар як солро бунёд мекунад.
Дар робита ба ироаи сабукиҳо ба ширкату корхонаҳо, Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, суханронӣ карда, гуфт, ҷонибдори ироаи сабукӣ ба “Тоҷ-Чайна” аст, чун он корхонаи истеҳсолӣ мебошад: “Аммо баъзан парлумон ба ширкатҳое имтиёз медиҳад, ки самти фаъолияташон истеҳсолӣ нест.” Ба сифати мисол, Кабирӣ бунёди меҳмонхонаи 5-ситорадорро мисол овард, ки 5 сол боз барои бунёди он парлумон имтиёз медиҳад.
Кабирӣ аз он эрод гирифт, ки роҳбарони ширкатҳои имтиёзгирифта, аз натиҷаи корашон ба вакилони мардум гузориш намедиҳанд ва зарур хонд, ки масъулини ин ширкатҳо барои ҳисобот ба парлумон даъват шаванд: “Нашавад, ки аз имтиёзҳо танҳо як гуруҳи муайян истифода кунанду шаҳрвандони дигар, зимни бунёди корхонаҳо андозу боҷи гумрукии зиёд супоранд.” Дар посух Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи қаблӣ дархост кардаанд, то ширкату корхонаҳое, ки аз пардохти боҷу андоз озод мешаванд, аз натиҷаи корашон ба парлумон гузориш диҳанд.