Саймӯъмин Ятимов ва Рамазон Раҳимов дар курсиҳои худ монданд
Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бо фармони раисиҷумҳур дар мақомҳои худ боқӣ монда, дар ҳайати ҳукумати нави кишвар ба фаъолияташон идома хоҳанд дод. Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳур ба “Озодагон” гуфт, ин фармон рӯзи 20 ноябр, дар пайи ташкили ҳукумати нави Тоҷикистон, содир шудааст.
Саймӯъмин Ятимов моҳи сентябри соли 2010, дар пайи фирори 23 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ва барканории Хайриддин Абдураҳимов ба курсии раиси Кумитаи амнияти миллӣ нишаст. Вай соли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Вай номзади илмҳои сиёсатшиносист. Дар солҳои 2000-2005 ба ҳайси муовини вазири амният ва солҳои 2005-2007 ҳамчун ноиби аввали вазири умури хориҷӣ кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2007 то майи соли 2010 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия буд.
Рамазон Раҳимов 53 сол дошта, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст ва моҳи январи соли 2012 ба курсии вазири умури дохилӣ нишаст. Вай то он замон муовини аввали вазири умури дохилӣ буд. Рамазон Раҳимов фаъолияти хидматиашро аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и ноҳияи Мӯъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и Данғара ва сардори ШКД-и ноҳияи Данғара кор кардааст.
Вай солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД-и ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати умури дохилиро ба ӯҳда дошт. Соли 2005 ба ҳайси муовини вазири умури дохилӣ ва соли 2007 ҳамчун сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД кор кардааст.