Шералӣ Хайруллоев рафт. Шералӣ Мирзо - вазири нави дифоъ
Шералӣ Хайруллоеви 63-сола, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон буд, рӯзи 20 ноябр бо фармони раисиҷумҳур аз мақомаш барканор шуда, ба ҷояш Шералӣ Мирзо омад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе дар Вазорати дифоъ аз мушкилоти таъсиси Артиши миллӣ ва тарбияи кадрҳо сухан меронд, аз корҳои Хайруллоев ва ҷасорату матонати ӯ дар 18 соли гузашта тавсиф кард. Ӯ зимни гусели Хайруллоев ба нафақа гуфт, “Хайруллоев аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданаш то ҳол ба Ватан ва миллат содиқона хизмат кардааст.”
Шералӣ Хайруллоев дар ҳузури раисиҷумҳур суханронӣ карда, таъкид намуд, "ман як камуфляжро нигоҳ медорам ва ҳар лаҳзае, ки лозим шуд, барои ҳимояи Ватанам хоҳам рафт".
Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз соли 1995 инҷониб вазири дифоъ буд. Расонаҳо борҳо аз фаъолияти оқои Хайруллоев интиқод карда, дарозумрии ӯ дар ҳукумати Тоҷикистонро низ таъкид намудаанд. Бахусус, фаъолияти ӯ дар замони ҳамла болои корвони мошини сарбозони тоҷик дар дараи Камароб дар соли 2010 ва ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар тобистони соли 2012 мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.
Шералӣ Мирзо, ки ҳамакнун дар курсии вазири дифоъ такя зад, то ҳол раҳбарии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ӯҳда дошт. Раисиҷумҳур зимни таъинот таъкид намуд, Шералӣ Мирзо дар натиҷаи хизмати содиқона ба Ватан аз афсари оддӣ то генерал-лейтенант расидааст. “Шералӣ Мирзо дастпарвари Вазорати дифоъ ва шогирди Шералӣ Хайруллоев аст”,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи 20 ноябр бо фармони дигари раисиҷумҳур Бобоҷон Ҷамолзода, полковник, собиқ фармондеҳи қисми низомии Гвардияи Миллӣ фармондеҳи Гвардияи Миллии Тоҷикистон таъин гардид.