Тасвири “Арӯси тоҷик” ба 14 миллион доллар ба фурӯш рафт
Дар як музояда дар Иёлоти Муттаҳида тасвири рассоми чинӣ - Тсзин Шанъӣ, ки “Арӯси тоҷик” ном дорад, бо арзиши 14 миллион доллар фурӯхта шудааст. Рассоми чинӣ дар эҷодиёти худ симои аслии арӯси тоҷикро тасвир кардааст.
Хабаргузориҳои чинӣ мегӯянд, дар рӯзи аввали музояда акси “Арӯси тоҷикӣ” 9 миллион юан арзиш дошта, дар натиҷа он ба қиммати 85,1 миллион юан, муодили 13 миллион 900 ҳазор доллар, ба савдо рафтааст.
Ин арзишмандтарин эҷодиёти рассом Тсзин Шанъӣ буда, “Арӯси тоҷикӣ” марҳилаи ҷадид дар санъати тасвирии Чин арзбӣ мегардад. Бино ба маълумоти маркази чинии иттилоот дар Чин ҳудуди 33 ҳазору 583 тоҷик иқомат доранд. Аксари тоҷикон дар ҷанубу ғарби ноҳияи Шинҷон дар Тошқурғон зиндагӣ карда, тоҷикони муқими Чин дар гузашта ба заминдорию чорводорӣ машғул будаанд.