Раҳмон баъзе вазорату хадамотро лағв карда, сохторҳои нав ташкил кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр бо ҳадафи такмили идоракунии давлатӣ ба низоми вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, оҷонсиҳо ва саридораҳо тағйирот ворид намуда, баъзе ниҳодҳоро лағв ва баъзеи дигарро аз нав ташкил кард.
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:
1. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муовин, аз ҷумла як муовини якум муқаррар карда шавад.
2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор мегарданд.
5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.
6. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти идоравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
7. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
8. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
9. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
10. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
11. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
12. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Агентии мазкур шомил карда мешавад.
13. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба беҳдошти замин ва обёрии Вазорати барҳамдодашудаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии мазкур вогузор мегарданд.
14. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
15. Бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
16. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон пеши ҳукумати Тоҷикистон вазифа гузоштааст, такмили сохтори мақомоти идоракунии давлатиро дар асоси фармони мазкур таъмин намояд: “Дар мўҳлати се моҳ сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва низомномаи вазорату идораҳои навтаъсис ва таҷдидшавандаро бо таъмини тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва бартарафсозии такроршавии вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ таҳия ва тасдиқ намояд. Масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддиеро, ки аз фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд."
Инчунин, бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон бисёре аз корхонаҳо ба тавозуни Вазорати саноату технологияи нав гузаронда мешаванд: “Баҳри тақвияти низоми ҳисоботдиҳӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои саноати кишвар ҷиҳати ба низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани корхонаҳои воҳиди давлатии «Востокредмет», «Тоҷиксемент», «Заря Востока», «Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш», «Ҷамаст», ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктрансформатор», «Химзавод» ва мутобиқан ба корхонаҳои воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», «Сементи Тоҷик», «Нури Ховар», «Коргоҳи машинасозӣ» ва ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи «Трансформатор», «Корхонаи кимиёвӣ» номгузорӣ кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.”
Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи раисиҷумҳур дастур додааст, дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони вазорату идораҳои барҳамдодашуда ва навтаъсисро таъмин карда, ҷиҳати истифодабарии минбаъдаи онҳо лоиҳаҳои санадҳои дахлдорро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.