Барканорӣ ва мақомҳои нави Матлубхон Давлатов, Қодири Қосим ва Давлаталӣ Саидов
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр бо судури як қатор фармонҳо дар ҳайати ҳукумат тағйирот ворид намуд.
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, Матлубхон ДАВЛАТОВ -- ноиби аввали нахуствазир аз симматаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Давлаталӣ САИДОВ, ки то ҳол раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ буд, омадааст. Матлубхон Давлатови 63-сола дар оғози соли 2012 ба ҳайси ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид. Вай то он замон мушовири раисиҷумҳур оид ба иқтисод буд.
Давлаталӣ Саидов, ки ҳамакнун ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шудааст, дар гузашта раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро бар уҳда дошта, муддате сафири Тоҷикистон дар Ҷопон буд. Вай соли 2009 бо фармони раисиҷумҳур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ омад ва то ҳол яке аз ҷавонтарин аъзои ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад.
Рӯзи 19 ноябр бо фармони президент Қодири ҚОСИМ, ки то ҳол раиси вилояти Бадахшон буд, аз мақомаш барканор ва раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин шудааст. Ҷои ӯро дар мақоми раиси вилояти Бадахшон Шодихон ҶАМШЕДОВ ишғол кардааст, ки то кунун дар мақоми раиси ноҳияи Шуғнон буд.
Инчунин, ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифзода, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон фармон содир намудааст.