Шикояти ронандагони боркаш аз “авбошӣ” дар ноҳияи Рӯшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод ду ронандаи боркаш аз ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ муроҷиат намуда, аз қонунвайронкуниҳо сокинон дар қаламрави Рӯшон шикоят намудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод ба мақомоти пулиси ноҳияи Рӯшон, шаҳрванд Раҳимов Барот Паҳлавонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулон» муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон шахсони номаълум пеши роҳи автомашинаро гирифта, бе ягон асос бо роҳи зӯроварӣ аз автомашинааш 10 литр сӯзишвории дизелиро гирифта ба самти номаълум ғайб задаанд.
ВКД мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Пайшаев Ноиб Султоншоевич, соли таваллудаш 1985 ва Имомёрбеков Искандар Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Рушон ҳамчун гумонбар дастгир карда шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Инчунин 18-уми ноябр Табаров Шамсиддин Зардович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Ваҳдат, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулон», ба мақомоти пулиси ноҳияи Рӯшон муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар мавзеи Ҷангали ноҳияи Рушон шахсони номаълум бо санг тирезаи пеши автомашинаашро зада шикастаанд: “Бо ин кирдори авбошона ба шаҳрванд Табаров дар ҳаҷми 1000 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.”
ВКД мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷумахонов Шоназар Соҳибназарович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рушон ҳамчун гумонбар дастгир карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба таъкиди ин ниҳод айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.