Парлумон: Ҳавопаймои шахсии президент аз нав фурӯхта шавад
Вакилони парлумони Қирғизистон хостори гузарондани музоядаи такрорӣ ҷиҳати фурӯши ҳавопаймои Як-40-и раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар Қурмонбек Боқиев шудаанд.
Чунин тасмим дар ҷаласаи кумита оид ба буҷа ва молияи парлумон гирифта шудааст. Вакилони парлумон ба Хазинаи идораи амволи давлатӣ супориш додаанд, ки музоядаи нав гузаронад.
“Барои ҳукуматӣ кардани ин ҳавопаймо 1,4 миллион доллар сарф шудааст. Ҳоло бояд маълум шавад, ки барои чӣ онро бо арзиши 100 ҳазор доллар, поинтар аз арзиш фурӯхтаанд ва он ҳам ба фурудгоҳи “Манас”. Ҳавопаймо бояд баргардонида ва бо арзиши аслӣ ба ниҳодҳои мустақил фурухта шавад, на давлатӣ”, – гуфтааст Аҳмадбек Келдибеков.
Ҳавопаймои Як-40-ро ҳафтаи сипаришуда бо маблағи 5 миллиону 12 ҳазор сом фурудгоҳи “Манас” харид.
Ин ҳавопаймо, ки тавлиди соли 1975 аст то моҳи апрели соли 2010 ба хонаводаи Қурмонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон таалуқ дошт.