Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Шарифов ва маъмурӣ алайҳи Ҳукумов ва ҳамсараш
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбат ба Умар Шарифов, яке аз муттаҳамони садамаи шаби 9 октябр, ки бо иштироки БМВ-и Расули Амонуллои 16-сола, писари раиси Роҳи оҳан дар маркази Душанбе иттифоқ уфтода буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои мақомоти ВКД, Умари 21-сола сокини пойтахт буда, пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст. Мақомоти ВКД дар торнамои расмии ин вазорат навиштаанд, “ҳоло нисбат ба Умар Шарифов тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст) оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.” Барои ин кор дар Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло -- Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. Падару модари Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳоло аз рӯи ин протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фиристода шудааст.
“Санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8, сархати 17-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд) тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётӣ бошад, идома дорад",-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ.
Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.