Боздошти як бонуи 38 сола бо иттиҳоми нигоҳдории "афюн"
Кормандони Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми нигоҳдории ғайриқонуни маводи мухаддир як бонуи 38 соларо боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод ҳангоми кофтукови шахсӣ аз Наботой Язданова, сокини ноҳияи Панҷакент 9 килою 645 грамм маводи нашъадори “афюн” ёфт ва мусодира кардаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.