“Ҳукумат замин намедиҳад; Аз бехонагӣ ҳамсарам рафт” (ВИДЕО)
Эраҷ Мирзоев, сокини 28-солаи деҳаи Даҳанаи Кӯлоб, аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати ин минтақа ба мушкилоти сокинон шикоят дорад.
Мирзоев мегӯяд, бо вуҷуди дастуру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои оилаҳои ниёзманд, беш аз 7 сол мешавад, ки ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ муроҷиат мекунад, вале посухи мусбат нагирифтааст. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳоло ӯ ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб, ки ҳарду оиладору соҳиби фарзанд ҳастанд, бо модари хеш дар як утоқи кӯчаки аз падарандараш ба мерос монда ба сар мебаранд.
Ӯ илова кард, ин утоқ барои бародари хурдиаш - Самандар ҷудо карда шудааст, ки ҳоло дар хидмати ҳарбӣ буда, то чанд моҳи дигар бар мегардад. Ин сокини деҳаи Даҳана аз он дар ташвиш аст, ки дар сурати баргаштани бародараш аз хидмати ҳарбӣ ӯ бояд издивоҷ кунад ва баъд аз издивоҷаш онҳо чӣ гуна дастаҷамъона - модару се бародар - дар як утоқи 5 метр дарозӣ доштаю 4 метр паҳноӣ зиндагӣ мекунанд.
Эраҷ мегӯяд, утоқи зисташон дар деҳа хеле хурд асту ду бародар наметавонад, он ҷо бо ҳамсарони хеш зиндагӣ намоянд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур шудаанд, ба Душанбе омада, ҷои кореро пайдо кунанд, то ба навбат ҳар яке аз онҳо тавонад, барои як давраи муайян аз хона берун равад. Ба гуфтаи Мирзоев, онҳо то чанд муддат ба навбат якдигарро дар ҷои кор иваз карда, ба назди фарзанду ҳамсаронашон ба деҳа мерафтанд. “Вале келинҳо ба ин шароит тоб наоварда, аз хона берун рафтанд”,-гуфт Эраҷ Мирзоев.
Ин сокини Даҳанаи Кӯлоб гуфт, бори охир масъулони ҳукумати шаҳр модарашро рӯзи 12 октябр ба ҳузур пазируфтааст: “Ин бор низ ба модарам гуфтанд, мо ба мушкилоти Шумо расидагӣ мекунем. Аввал бояд, ҳайати комиссия шарту шароити Шуморо аз назар гузаронад.” Вале ба гуфтаи Мирзоев, бо гузашти беш аз як моҳ касе ба хонаи онҳо наомадааст ва тарси онҳо аз ин аст, ки ин зимистонро чӣ гуна паси сар хоҳанд кард.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)