Дар Мастчо ифтитоҳи як корхонаи сементбарорӣ дар назар аст
Дар корхонаи сементбарории «Суғд семент»-и ноҳияи Мастчо васлу насби таҷҳизоти технологӣ оғоз гардид.
Тибқи нақшаи корӣ мутахассисон моҳи январи соли 2012 дар ин корхона ба истеҳсоли маҳсулот мепардозанд. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат, феълан 60% таҷҳизот бо пардохти 1, 3 миллион сомонӣ ба ин корхона ворид гардидааст. Воридсозии таҷҳизоти боқимонда, яъне 40 % дигар дар охирҳои моҳи сентиябр дар назар аст. Дар васлу насби таҷҳизоти корхонаи мазкур 87 нафар коргарони маҳаллӣ, ду мутахассиси чиноӣ ва як олмонӣ машғул мебошанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар вазорати энергетика ва саноат гуфтанд, айни ҳол 80 % корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст ва дар сурати ба фаъолият шурўъ кардани он 150 ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти манбаъ, аз моҳи октябр захира кардани ангишт барои корхона аз кони «Фон Яғноб» ва давлати Қирғизистон оғоз мегардад. Талаботи якрўзаи корхона бошад, 35-40 тоннаро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}