Эмомалӣ Раҳмон метавонад, дар 7 соли оянда курсияшро ҳифз кунад?
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 16 ноябр ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон дар ҳузури аъзои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон савганд ёд кард ва ба даври чаҳоруми раёсаташ дар ҳафти соли оянда оғоз намуд. Мухолифони оқои Раҳмон мегӯянд, ӯ ба давраи мушкилтарини раёсаташ ворид шудааст ва бояд барои ҳифзи қудраташ ислоҳоти чашмрасеро гузаронад. “Озодагон” аз се номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи 6 ноябр пурсид, оё Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ҳафт соли ояндаи раёсаташро ҳифз кунад?
Исмоил Талбаков, номазд ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунист:
“Бале, метавонад. Тоҷикистон як кишвари мустақил асту онро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам эътироф кардааст. Танҳо ҳукумати нави Тоҷикистон бояд аз афроди ҳирфаӣ, ватандӯст ва ҳақиқатҷӯ ташкил шавад. Фикр мекунам, ин дафъа Раҳмон ба маҳалли баромад, ба дидгоҳи сиёсӣ ва ҳизбии кадрҳо нигоҳ накарда, дар атрофаш одамони арзандаро ҷамъ хоҳад овард. Ман ба ин бовар дорам. Дар ин бора худи Раҳмон низ сухан гуфтааст.”
Ойниҳол Бобоназарова, номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи президентии 6 ноябр, ки аз идомаи сабқат маҳрум гардид:
“Ин аз худи Раҳмон ва ҳукуматаш вобаста аст. Раисиҷумҳури нави Гурҷистон вақте савганд ёд кард, гуфт, бояд гузаштаро фаромӯш кунем. Ман ҳам чунин фикр дорам. Ҳама вақт гузаштаро ба ёд овардан кори хуб нест. Бале, ҷанги шаҳрвандӣ буд, вазъ муташанниҷ буд. Аммо ҳоло бояд роҳро дигар кард, ҷанбаи таблиғотро тағйир дод. Вақти он расида, ки бояд тамоми мушкилоте, ки ҳаст, ҳал шавад, то мушкилиҳои дигар рӯ назананд. Бояд аз тавсифу дурӯғ гуфтан ба амал гузашт. Муҳим аст, ки дар бораи оянда биандешем.”
Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ:
“Мо ягон нерӯ ва ягон барнома надорем. Худи Қонуни асосӣ иҷоза медиҳад, ки Раҳмон ҳафт соли дигар ҳукмронӣ кунад.”Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)