Зоиров барои далелҳои зидди КМИР ба Русия рафт
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 19-уми ноябр озими Русия шудааст.
Зоиров дар сафҳаи фейсбукияш ҳадафи сафарашро ба Русия ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар шаҳрҳои Калуга, Санкт-Петербург, Твер, Краснодар гуфта, таъкид мекунад, ки зимни ин сафар ҳамчунин вазъи воқеии иштироки муҳоҷирони тоҷикро дар интихоботи президентии 6-уми ноябр рӯшан хоҳад кард.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки 15-уми ноябр, ҳамчун интихобкунанда ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурда, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва беэътибору баргузорнашуда донистани интихоботи 6-уми ноябрро талаб кард, изҳор медорад, ки аризааш то ҳол ба баррасӣ гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Зоиров то додгоҳ аризаашро қабул накунад, ӯ такрор ба такрор муроҷиатҳояшро идома хоҳад дод.
Раиси ҲСДТ таъкид мекунад, ки пешакӣ медонад, қарори Додгоҳи Олӣ, ба нафъи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд ва аризаи ӯ қонеъ нахоҳад гашт. Зоиров меафзояд, ки маҳз чунин қарори додгоҳро интизор аст, то тавонад дар сатҳи дигар ба ниҳодҳои дигар муроҷиат кунад.
Раиси ҲСДТ 15-уми ноябр ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат карда, хост интихоботи президентии 6-уми ноябр баргузорнашуда эълон гардад, чун дар он ҳамагӣ ҳудуди 33 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки КМИР интихоботи 6-уми ноябрро баргузоршуда эълон намуда, изҳор медорад, ки дар он беш аз 90 дарсади интихобкунандагон ширкат карда, Эмомалӣ Раҳмон бо дарёфти 84,2 дарсади овозҳо пирӯз шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)