Имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷик ҳатмӣ мегардад
Кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират мегӯянд, имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ карда шавад.
Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба хадамоти мазкур иттилоъ медиҳанд. «Қабл аз ҳама ин ба нафъи худи муҳоҷирон аст, дар бисёре аз ҳолатҳо мушоҳида мегардад, ки корфармо бо иллати он ки коргар забони русиро балад нест, ӯро фиреб карда ҳақмуздашро камтар пардохт мекунад»,- менависад сомонаи «Мой город»-и шаҳри Иркутск. Ин манбаъ дар идома менависад, мушкили дигар дар гуфтугӯ ва сӯҳбати ҳамарӯзаи муҳоҷирон, ки дар мағоза ва қаҳвахонаву муассисаҳои хӯроки умумӣ кор мекунанд, ба миён меояд. Надонистани забон онҳоро водор месозад, ки бо муштарӣ «бо имову ишора» раду бадал кунанд.
Барои омода кардани муҳоҷирони корӣ (дар расонаҳои русӣ-қувваи корӣ менависанд) Хадамоти Федералии муҳоҷират пешниҳод месозад, ки дар базаи омӯзишгоҳу таълимгоҳҳои махсуси Тоҷикистону Қирғизистон таълим бо забони русӣ ҷараён гирифта, ба хонандагон дипломи намунаи Русия дода шавад.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки магар Тоҷикистон кишвари содиркунандаи қувваи корӣ барои Русия аст? Ва агар ҳа ин ҷараён (муҳоҷират) то кай идома мекунад? Оё тоҷик дар ватанаш соҳиби ҷойи кор мешавад? Ин суолҳо ба вазороту идораҳои марбутаи Тоҷикистон дахл доранд. {jathumbnail off}