Маврид ба тазаккур аст, ки ошӯб ва раҳпаймоии густурдаи мардумӣ дар моҳи феврали соли равон ба ҳукумати беш аз сисолаи Муборак хати батлон кашид. Гуфта мешавад, Ҳусни Муборакро, ки то ин замон дар шаҳри Шарм-ул-Шайх табобат мегирифт, барои муҳокима ба Қоҳира меоранд. Муҳокимаи додгоҳӣ ба таври мустақим аз тариқи телевизиони давлатии Миср намоиш дода хоҳад шуд. Ҳуснӣ Мубораки 83-сола, вазири корҳои дохилаи собиқи Миср- Ҳабиб-ал-Адлӣ ва чанд афсари олирутбаи пулисро ба қатли 850 тазоҳургар дар ошӯбҳои моҳи феврал муттаҳам мекунанд. Дар сурати исботи гуноҳи ин афрод онҳоро дар Миср ҳукми қатл интизор аст. Гуфтанист, ба ҷуз Муборак ду писари ӯ низ ба фасоду ришваситонӣ муҷрим дониста мешаванд.{jathumbnail off}