Садама дар маркази Хоруғ се кушта барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари як садама дар маркази Хоруғ се сокини ин шаҳр ҷон бохтанд.
Ба иттилои манбаъ 16-уми ноябр, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хафей», Мамадназаров Алиназар Вазиршоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи фурудгоҳ ба самти бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ, аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Долун»-и Ашрафов Раҳмат Давлатхонович, сокини шаҳри Душанбе, ки дар канори роҳ меистод, бархўрдааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ин бархӯрд, ронандаи автомашинаи «Хафей» Мамадназаров ва мусофиронаш Соҳибназаров Орзу Музаффарович, соли таваллудаш 1981 ва Ғуломҳайдаров Имомназар Хушназарович, соли таваллудаш 1972 сокинони шаҳри Хоруғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҳалок гардидаанд.