Ҷашни 75-солагии Бозор Собир дар Театри опера ва балет
75-солагии Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки баъд аз 19 соли ғурбат барои иқомати доимӣ ба Ватан бозгашт, бо баргузории маҳфили шеъри ӯ таҷлил хоҳад шуд.
Низом Қосим, яке аз дӯстони наздики Бозор Собир, ба “Озодагон” гуфт, ин маҳфили шеър бегоҳи 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Айнӣ баргузор мегардад. “Аммо тақдими ягон мукофоту ҷоиза аз тарафи ҳукумат дар назар нест. Чунки ду моҳ пеш дар остонаи ҷашни Истиқлол ба ӯ ордени “Ситораи президент” супурданд. Маҳфил бо ҳузури дӯстон ва ҳаводорони шеъри Бозор Собир хоксорона баргузор хоҳад шуд”,-афзуд ӯ.
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки тақрибан 16 соли охир дар Амрико зистааст, 27 майи соли ҷорӣ барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва баҳсҳо дар мавриди маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Вале худи ӯ гуфт, бозгашташ ба интихобот ҳеч рабте надорад ва танҳо даъвати раисиҷумҳурро барои бозгашт пазируфтаасту бас.
Ба ҳар ҳол, баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Бозор Собир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, раисиҷумҳур шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт ва суҳбате ҳам анҷом дод. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)