Ҳамрохон Зарифӣ озими Аврупо шуд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми ноябр бо сафари корӣ озими Аврупо шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Брюссел барпо мегардад, озими Шоҳигарии Белгия шуд.