Оқохони 4 гуфт, қасди ташкили давлати исмоилиёнро надорад
Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, таъсиси як давлати алоҳида барои 15 миллион пайраваш дар ҷаҳонро рад кардааст.
Оқохони 4 зимни суҳбати ихтисосӣ бо як расонаи ҳиндӣ дар ин бора ибрози назар намудааст. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “теъдоди исмоилиён аз Канада то Индонезия аз марзи 15 миллион мегузарад, оё Шумо қасди ташкили давлати алоҳидаеро барои пайравони худ надоред?” гуфтааст, “не, ин чизест, ки комилан рад мекунам”.
Оқохони чаҳор имоми ҳозири исмоилиён аст, ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар сини 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Ӯ чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди беш аз дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Ахиран мақомоти тоҷик аз таъсиси як давлат дар Осиёи Марказӣ бо номи Бадахшони бузург ҳушдор дода буданд. Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфта буд, нақшаи ташкили ду давлати алоҳида дар Осиёи Миёна, яке бо номи Бадахшони Бузург, вуҷуд дорад ва ин давлат, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамроҳ кардани вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон пайдо хоҳад шуд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)