Туркманистон узви Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО интихоб шуд
Туркманистон дар иҷлоси 37-уми конфронси генералии Созмони миллали муттаҳид дар умури маориф, илм ва фарҳанг ё ЮНЕСКО барои аввалин бор аъзои Шӯрои иҷроияи ин ниҳод барои солҳои 2013-2017 интихоб шуд.
Бино ба иттилои торнамои asgabat.net Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО фаъолияти кунунии созмонро дар давраи иҷлосияҳои конфронсҳои генералӣ, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, раҳбарӣ мекунад. Ин ниҳоди роҳбарикунанда аз намояндаҳои 58 давлати узв, ки аз суи конфронси генералӣ интихоб шудаанд, иборат аст.
Туркманистон шурӯъ аз соли 1993 узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО мебошад.