Сиёсатмадор: Ин бархурди президент бо духтараш намоишӣ аст
Муҳаммад Солеҳ, раҳбари Ҳаракати мардумии Узбакистон иттифоқоти ахир миёни Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури ин кишвар бо падарашро намоишӣ хонд.
Оқои Солеҳ, ки яке аз мухолифони сарсахти Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ба шумор мераваду тайи ду даҳаи ахир дар хориҷа ба сар мебарад, гуфт, ин иттифоқҳо намоишӣ буда, коргардони аслии онҳо худи Ислом Каримов мебошад.
Раҳбари Ҳаракати мардумии Узбакистон мегӯяд, Ислом Каримов ҳеч гоҳ ба боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи пайвандонаш иҷоза намедиҳад ва пушти ин "ифшогариҳо" манофеи сиёсию молӣ қарор дорад, ки ба нафъи худи Гулнора Каримова низ ҳаст. Ба андешаи Солеҳов, Гулнора Каримова ҳоло нақши духтари мазлуми падари сангдилро мебозад. Ӯ мегӯя, Каримов нишон дода истодааст, ки дар мубориза бо фасод ҳатто ба духтари худ низ раҳм намекунад.
Солеҳов илова мекунад, "ҳар чизе то ин дам дар хонаводаи Каримов ба миён омад, ин бахши аввали амалиёти “ошкоркунӣ” мебошад ва ҳоло бахши дуюм низ вуҷуд дорад, ки асли қазия дар он манофеи молӣ мебошад." Ин сиёсатмадори узбак муътақид аст, ки ҳар ҳодисае, ки бо Гулнора Каримова рух медиҳад, ин талоши худи хонаводаи Каримов ва мақомоти амниятии Узбакистон барои ҷалби таваҷҷуҳи умумии байналмилалӣ мебошад.
Ин изҳороти Муҳаммад Солеҳ дар ҳолест, ки ахиран мақомоти амниятии Узбакистон ба иқдомти худ алайҳи Гулнора Каримова шуруъ карда, тамоми мағозаҳои марбут ба ӯ ва дӯстонашро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Илова бар ин дар як вақт фаъолияти 4 шабакаи телевизионӣ ва чанд шабакаи радиошунавоии хонум Каримова дар Узбакистон қатъ карда шудааст, ки худи Каримова низ ин таъйид ва амалкарди ғайриқонуни масъулони амнитки кишвараш хонд..