Манбаъ афзуд, сарвазири ҷумҳурӣ ва гурӯҳи кории ҳукуматиро дар ин ҷо райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода истиқбол карда, сипас онҳо аз маҳалли ҳодиса дидан карданд. Баъд аз ошноӣ таҳти раёсати нахуствазир ситоди бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, сардори саридораи «Геология», раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, муовини вазири хоҷагии об ва мелиоратсияи ҷумҳурӣ, масъулини як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд. Оқилов ба масъулин ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, барқарор кардани роҳҳои харобшуда, кушодани маҷрои дарёи Зарафшон, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора халалдор гардидааст ва бунёди кӯпруки мошингузар супориши қатъӣ дод.
Маврид ба ёдоварист, рӯзи 26-уми июл бар асари лағжиши кӯҳпора дар роҳи мошингарди Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 4 километр ҷода вайрон гардида, сокинони ду ҷамоати Айнӣ ва Мастчо аз истифодаи роҳ маҳрум гаштанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин офати табиӣ 3 гектар боғ, 2 гектар замини кишт зарар дидааст. Ҳаҷми умумии зарари расида, тибқи фарзияҳои пешакии мутахассисон, беш аз 520 ҳазор сомонӣ мебошад.{jathumbnail off}