Роҳзании сокини Душанбе барои аз худ кардани “Тайота-Кемрӣ”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 27- солаи шаҳри Душанбе, 13-уми июл, бо роҳи фиреб, соҳиби автомашинаи «Тойота-Кемрӣ»-ро аз пойтахт берун бурда, қасди ҷони ӯ кардааст, вале худаш фиреб хӯрду айни ҳол дар боздошт қарор дорад.
Ин ниҳод мегӯяд, шаҳрванд Ҷумахон Асадуллоев, ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ дастгир карда шуд, ки санаи 13 ноябр ба боварии сокини ноҳияи Бохтар, Қобилҷон Иброҳимови 27 -сола даромада, изҳор мекунад, ки автомашинаи номбурда тамғаи «Тойота-Кемрӣ»-ро бо нархи 14 ҳазору 800 доллари амрикоӣ мехарад: “Аммо Асадуллоев бо баҳонаи дар шаҳри Сарбанд аз як шиносаш пул гирад, ба автомашинаи Иброҳимов нишаста, ба самти шаҳри Сарбанд раҳсипор мешаванд. Тахминан соатҳои 20:34-дақиқаи шаби ҳамон рӯз, дар наздикии корхонаи «Нуриҳои азотии шаҳри Сарбанд бо хоҳиши Асадуллоев автомашинаро дар канори роҳ нигоҳ медоранд”.
Ба иттилои манбаъ, Ҷумахон Асадуллоев бо мақсади куштори Қобилҷон Иброҳимов ва аз худ намудани автомашинааш ба гардани ӯ ресмон андохта, аз ду тарафи он ба қафо кашида буғӣ мекунад. Иброҳимов бо мақсади халосӣ ёфтан муқобилият нишон дода, бо пояш шишаи қисми пеши автомашинаро зада мешиканад ва беҳол шуда, худро ҳалокшуда вонамуд мекунад. Асадуллоев ин ҳолатро дида, Иброҳимовро ҳалокшуда пиндошта, ресмонро сар медиҳад. Дар ин ҳолат Иброҳимов аз фурсат истифода бурда аз автомашина худро ба берун партофта, ба тарафи мошинҳои роҳгузар мегурезад. Асадуллоев куштори Иброҳимовро ба охир нарасонида, автомашинаи номбурдаро ронда, ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекунад, аммо аз сабаби шикаста шудани шишаи қисми пеши автомашина, имконияти минбаъд идора кардани онро наёфта, автомашинаро дар канори роҳ руст карда, тавассути автомашинаи дигар ба шаҳри Душанбе бармегардад”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Ҷумахон Асадуллоев аз шаҳрванд Рустам Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе, 2500 доллари амрикоӣ гирифта, автомашинаи Қобилҷон Иброҳимовро ба ӯ пешниҳод мекунад ва бо ин мақсад ҷойи пинҳоннамудаи автомашинаи мазкурро нишон медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, айни ҳол нисбати Ҷумахон Асадуллоев бо моддаи 249 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.