Барқ дар деҳот то анҷоми савгандхӯрии Раҳмон хомӯш нашуд
Мардуми навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, 16-уми ноябр, ба муносибати савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, чанд соати барқи барзиёд гирифтаанд.
Муҳсиддин, як сокини ноҳияи Ҳисор, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, бархилофи рӯзҳои дигар, ки барқашон соати 09:00 хомӯш мешуд, имрӯз, 16-уми ноябр то ҳол бемаҳдудият барқ гирифта истодаанд: “Ба фикрам ин барои он аст, ки мардум тавонанд, савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақиман пахш гардид, тамошо кунанд.”
Ёдрас мекунем, ки айни ҳол дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ шуда, мардум аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ бо барқ таъмин нестанд.
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд. Ба иттилои ширкат маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.