Раҳмон ба номи Худо қасам хӯрд, ки лозим шавад, ҷонашро барои мардум фидо мекунад (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, пас аз гирифтани шаҳодатнома ва рамзҳои президентӣ дар Кохи Миллат ба Кохи Сомон ҳозир шуда, дар ҳузури намояндагони парлумон ва аъзои ҳукумат савганд ёд кард, ки кафили риояи Сарқонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хоҳад шуд.
Раҳмон қасам хӯрд, ки дар замони президентияш содиқона ба халқу Ватан хизмат хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки интихоботи 6-уми ноябр бори дигар нишон дод, ки ваҳдату фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст. Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дохилу хориҷ қарор доранд, барои он, ки роҳбарии давлатро бори дигар ба ӯ бовар намудаанд, изҳори минатдорӣ намуда, таъкид дошт, тамоми ҳастияшро равона мекунад, то сазовори боварии мардум бошад.
Раисиҷумҳур изҳор дошт, ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш, ҳар рӯзи ҳаёташро барои пешрафти Тоҷикистон бахшидааст. Раҳмон ба номи Худо, ба хотири хоки Тоҷикистон, ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди Тоҷикистон савганд ёд кард, ки тамоми нерӯ ва ҳаёташро барои рушди Тоҷикистон мебахшад: "То ҷон дар бадан дорам барои муҳайё кардани шароити зиндагӣ барои ҳар хонавода заҳмат мекашам ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо мекунам. Ман ҳамон Раҳмони соли 1992 ҳастам, ки ваъдаи ҷавонмардона дода будам, барои Тоҷикистон хизмат мекунам. Шукрона мекунам, ки боварии мардумро ба даст овардаам ва барои ин боварӣ сари таъзими худро назди мардум фуруд меоварам."
Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш зикр карда, вазъи номуътадили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онро ёдрас намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Раисиҷумҳури тозаинтихоб дастовардаҳои мавҷударо нокофӣ хонда, таъкид намуд, ки 7 соли оянда барои рушди босуръат замина хоҳад гузошт ва талош мекунад дар Тоҷикистон шароити арзанда барои зиндагии ҳар шаҳрванд муҳайё гардад. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ба ин ҳадафҳо ноил хоҳанд шуд, агар ҳама муттаҳид гарданду монофеи миллату ватанро аз ҳама чӣ боло гузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон, маҳз 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд, зимни иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд. Инак пас аз 21-соли расо Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, дигарбора зимоми қудратро дар Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда ба даст гирифт.
Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комисюни маркази интихоботи кишвар, дар Кохи Миллат изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо баёни озоду шаффофи иродаи мардум президенти Тоҷикистон интихоб шуд ва ба ӯ шаҳодатномаи президентиро супорид.
Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои раисиҷумҳури кишвар, ливо ва нишони президентро тақдим кард.
Пас аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар ҳузури намояндагони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, ӯ ба майдони Дӯстии Душанбе раҳсипор шуд ва дар ин ҷо гузашти ҳарбии беш аз 5 ҳазор корманди ниҳодҳои қудратиро назорат хоҳад кард.
Ҳаракат имрӯз дар маркази Душанбе манъ буда, донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ба кӯчаҳо рехтаанд. Одил, як донишҷӯи соли сеюм дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муаллимҳо дар донишгоҳ таҳдид намуданд, ки дар сурати ҳозир нашудан ба истиқболи президент аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд: “Мо аз ду тарафи роҳ истода, вақти гузаштани президент парчамафшонӣ мекунем.”
Дар ҳамин ҳол тадобири шадиди амниятӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯён боиси он шудааст, ки дар марказ гаштугузор мушкил шуда, бархе аз коргарон натавонистанд, саривақт ба ҷои кор ҳозир шаванд. Ғанӣ, як сокини Душанбе мегӯяд, 1,5 соат боз саргардон аст, лекин то ҳол натавонистааст, аз маҳаллаи Қара боло ба корхонааш, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, ҳозир шавад.