Зимни тавзеҳи фармони президент аз ҷумла омадааст:
- музди меҳнати Директорони институтҳо, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тиббии назди вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад;
- музди меҳнати кормандони Раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад;
- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешаванд. Музди меҳнати кормандони соҳаи тиб аз рўи Дастурамали оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандон, ки то имрўз 80 сомонӣ мебошад, ба андозаи 112 сомонӣ муқаррар карда мешавад;
-маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешаванд;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои судҳои вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, иқтисодии вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз, раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешаванд;
- музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) кормандони прокурорӣ-прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) аз рўи ҷадвалҳои тарифии музди меҳнат, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, аз нав ҳисобӣ ва зиёд карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки ҷадвали ягонаи тарифии аз 1 октябри соли 2010 дар 5 вазорату идораҳои таҷрибави амалӣ гардида буд ва аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи сатҳи мақомоти хизматчиёни давлатии маъмурӣ амалӣ мегардад.
Дар ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи вертикалӣ ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ бо фарқияти байни ҳар як мансаб 22 фоиз, аз тарафи горизонталӣ иборат аз 14 қадам, бо фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз ва истифодаи он барои ҳар як мақомоти идораи давлатии дахлдор аз 5 қадам аз рўи собиқаи хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст;
- музди меҳнате, ки барои кормандони Марказҳои (гурўҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ амалишаванда тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №119 тасдиқ гардидааст, дар доираи маблаѓҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда мешавад;
- ҳамаи намудҳои нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоизи нафақаи ҳадди ақал, яъне ба маблағи 20 сомонӣ зиёд карда мешавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Бино ба қавли манбаъ, маҷмӯан барои пардохти ин ҳама ҳудуди 242, 9 миллион сомонӣ ё баробар ба 50 миллион доллар зарур аст.{jathumbnail off}