Низомиёни Олмон пойгоҳи 201-умро месанҷанд
Гуруҳи нозирони олмонӣ пойгоҳи низомии 201-уми Русияро дар Тоҷикистон, давоми се рӯз-аз 18 то 21-уми ноябр мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Русия ин санҷиш дар доираи созишномаи Вена, “Оиди чораҳо барои мустаҳкам кардани амнияту боварии тарафайн”, ки 56 давлатро дар бар мегирад, амалӣ мешавад. Ҳайати нозирон, таҳти роҳбарии полковник Аксел Шнайдер, фаъолияти рӯзмарра ва иншооти пойгоҳи 201-ро аз назар хоҳад гузаронд.
Пойгоҳи низомии 201-ум калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар хориҷи ин кишвар буда, ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳро қаблан нозирон, аз кишварҳои назди Балтика низ тафтиш намуданд, аммо баъди гузарондани корҳои назоратӣ таъкид намуданд, ки норасоиеро дарёфт накардаанд ва Русия уҳдадориҳояшро дар доираи созишномаи Вена оиди мустаҳкам кардани боварии тарафайн иҷро намуда истодааст.