Табибон вазъи адвокати латту кӯбшударо ваҳим арзёбӣ кардаанд
Вазъи адвокат Икромиддин Айтқулов, ки мавриди латту кӯби ашхоси номаълум қарор гирифт, ваҳим гуфта мешавад.
Бародари Икромиддин муътақид аст, ҳамла ба фаъолиятҳои касбии ӯ иртибот дорад. «Онҳо мехостанд, пои бародарамро шикананд. Телефони мобилӣ ва каме пулашро барои раванди тафтишотро ба дигар тараф кашидан рабудаанд», - гуфтааст Ҳансар Айтқулов.
Ба иттилои табибон, вазъи ҳуқуқшинос хуб нест ва аз ин рӯ ба хабарнигорон иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд.
Икромиддин Айтқулов, адвокати маъруфи қирғиз буда, шаби гузашта аз сӯи афроди номаълум дар назди хонааш латту кӯб шудаааст. Ӯ ба ҳайси вакили дифоъ дар чанд қазияи пурсару садо ширкат кардааст. Вай манфиатҳои духтари бузурги президенти собиқи Қирғизистон Бермет Акаева, мири пешини Бишкек Наримон Тюлеев, вазири собиқи рушди иҷтимоӣ Равшан Собиров ва вакил Қамчибек Тошиевро дар додгоҳ ҳимоя кардааст.