Посухи президент ба падари маҳбуси латукӯбшуда дар “Кирпичний”
Вакили дифои Муҳаммадиқбол Зоидов, маҳбуси зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат муайян намудааст, ки зерҳимояаш мавриди латукӯб қарор гирифтааст.
Шариф Зоидов, падари Муҳаммадиқбол, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҳол масъулини зиндон ба онҳо иҷозаи мулоқот бо фарзандашонро намедиҳанд, аммо вакили дифои писарашон Абубакр Қулматов тавонист бо ӯ мулоқот кунад: “Ҳангоми мулоқот, писарам гуфтааст, ки як масъули зиндон -А.Б аз пушташ бо оҳан задааст. Адвокат ба мо гуфт, ки айни ҳол саломатии писарам хуб аст.”
Қаблан Шариф Зоидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, ки маҳбусон аз Муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, занг зада, хабари марги писарашонро расонданд: “Ман 25-уми октябр, пас аз шунидани ин хабар ба маҳбасхона рафтам, то асли воқеаро бифаҳмам. Ба ман гуфтанд, ки писарам намурда, балки дар дами марг аст. Писарамро дидам, баданаш ягон ҷои обод надорад. Аз зинда мондани фарзандам умедам канд ва ҳатто табиби маҳбасхона ба ман гуфт, ки 99 фоиз писаратон мурдааст. Баъд аз ин дигар намонданд, ки бо писарам дидор кунам.”
Дар пайи ин қазия Шариф Зоидов ба президент ва додситонии генералӣ мактуб навишта буд ва ҳамакнун мегӯяд, ҷавоби онҳоро дастрас кард: “Дар посухи мактуби мо ба парезидент, Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ваъда додаст, ки қазияро зери назорат мегирад.”
Муҳаммадиқбол Зоидов, соли 1987 таваллуд шуда, соли 2006 бо моддаи 249 (роҳзанӣ) қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.